«Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ»- китоби нави дарсӣ
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Китоби дарсии тозаэҷод бо номи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ»- и ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аз тарафи Вазорати маорифи ҶТ ҳамчун китоби дарсӣ ба мактабхои олй барои омӯзиш ирсол карда шуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, дар китоби мазкур муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, мушкилоту душвориҳои ҷойдошта, аҳамияти омўзиш ва татбиқи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, субъекти фаъолият, чорабиниҳои махсус, намуду тартиби гузаронидани чорабиниҳо, мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, манбаи иттилоотӣ, истифодаи сагҳои хизматӣ, дигар воситаҳо ва назорати фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Муаллиф дар таърихи илми ҳуқуқшиносии ватанӣ аввалин маротиба тадқиқоти диссертатсиониро дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ анҷом додааст ва дар айни замон ў тадқиқоти худро вобаста ба назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва амалияи он давом медиҳад. Тадқиқоти Рамазон Раҳимов «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» (Қисми умумӣ), «Тестҳо ва масъалаҳо аз фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ», «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ», «Барнома аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» ҳамчун китоби дарсӣ ва дастури методӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии русӣ ва тоҷикӣ, мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, омўзишгоҳи Сарраёсати ҳифзи сарҳадоти КДАМ, Академияи ВКД, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молия ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Вазорати адлия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат ба шакли ройгон ирсол карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






