Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 11 то 20 апрел дар Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон Фестивали сеюми байналмиилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чодари хаёл» баргузор мегардад. Дар фестивал дастаҳои театрии Озарбойҷон, Беларус, Эрон, Қазоқистон ва Русия иштирок менамоянд.Ин тадбирро Вазорати фарҳанги ҶТ бо дастгирии Агентии оид ба ҳамкории Швейтсария ва намояндагии тоҷикистонии «Институти Ҷомеаи кушодаи «Бунёди мадад» рӯи кор меорад. Алҳол Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон намоишномаи нави «Ҷангалаки зебои мо» — ро ба саҳна мегузорад, ки дар он ҳамаи гурӯҳи эҷодии он иштирок менамоянд. Муаллифи ин намоишнома роҳбари бадеии театр Ҳотам Салимов ва коргардони он Изатулло Сафаров мебошанд. Саҳнаро рассоми театр Владимир Виноградов оро додааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






