Гӯштингирӣ: мубориза барои роҳхат
Душанбе, 30 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Шурўъ аз таърихи 30-юми март то 1-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мусобиқаи литсензионии Осиё баҳри дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар соли 2012 аз рӯи намуди гўштини тарзи озод ва фарангӣ баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 21 кишвари Осиё ширкат менамоянд. Ҳайати тими кишвари Тоҷикистонро дар намуди гӯштини тарзи озод Николай Ноев (55 кг), Фарҳод Усмонзода (60 кг), Желемхан Юсупов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам (96 кг) ва Эраҷ Холов дар вазни 120 кг муаррифӣ мекунанд.. Дар намуди гўштини юнону румӣ 2 нафар: Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) ва Мурод Тӯйчиев дар вазни 120 кг иштирок мекунанд. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ Мурод Тешаев ба оҷонсии «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






