Героин дар меваи хушк
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар»).- Kормандони Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд 14-уми марти соли 2012 дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд ҳангоми тафтиши воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз» (рақами давлатиаш 07-87 АК 02 РТ, таҳти идораи Юлчибой Турсунов) дар вақти ба қатора бор кардани меваҳои хушк, ки бояд ба Ҷумҳурии Қазоқистон интиқол мегардид, муоинаи гумрукӣ гузаронида, дар дохили бордони воситаи нақлиёт аз 22 адад халтаи рангашон сафеди меваи хушкдошта 3 ҳазору 437 адад бастаи селофании моддаи хокаи сафедчатоби дорои бӯӣ махсусро ошкор ва дарёфт карданд. Дар асоси маълумотномаи шӯъбаи ташхисию ҷиноии Раёсати корҳои дохилӣ аз 14 марти соли 2012 моддаи ошкор ва дарёфтшуда 15 килограмму 164 граммро ташкил дод. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд ва тафтишот идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сарнозири шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Шарипов хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






