Густариши ҳамкориҳои Бонки рушди Осиё бо кишоварзон
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 29 марти соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазири кишоварзӣ С.Рустамов бо намояндагони Бонки рушди Осиё (АБР) доир гардид. Зимни вохӯрӣ тарафҳо доир ба рафти ҷараёни лоиҳаи “Рушди деҳот” махсусан дар соҳаи кишоварзӣ изҳори ақида намуданд.Намояндаи Бонки рушди Осиё иқтисодшиноси дар соҳаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ ҷаноби Ренал Ҷонс ҷараёни татбиқи лоиҳаи рушди деҳотро, ки он аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди деҳот” амалӣ мегардад, мусбат арзёбӣ намуд.Ёдовар мешавем, ки мақсади лоиҳаи мазкур аз баланд бардоштани даромади кишоварзӣ ва ғайрикишоварзии аҳолии деҳот, афзудани маҳсулнокии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии ноҳияҳои пилотӣ дар доираи устувори сохтори идоракунӣ ва муҳити зист, пешниҳоди кӯмак ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва кооперативӣ, аҳолӣ ва соҳибкорони хусусии деҳот иборат аст. Дар айни замон дар ноҳияҳои пилотии Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва шаҳри Роғун як силсила корҳои амалӣ, аз ҷумла сохтмони роҳу пулҳо ва кашидани хати оби нӯшокӣ ба аҳолии деҳот бо дастгирии молиявии лоиҳаи мазкур ба анҷом расид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






