Густариши муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон

Март 6, 2012 11:28

Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 5 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев мулоқот намуд. Шоҳин Мустафоев пас аз мулоқот андешаҳояшро нисбат ба натиҷаҳои он ба хабарнигорон шарҳ дода, аз ҷумла иброз дошт: «имрӯз аввалин ҷаласаи байниҳукуматии Озарбойҷону Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳамкориҳои байни ҳарду кишвар бо маром рушд доранд. Дар рафти ҷаласа тамоми масоиле, ки барои ҳар ду ҷониб муфид буданд, баррасӣ гардиданд. Вазири Озарбойҷон гуфт, ки дар анҷоми ҷаласа қарор қабул гардид, ки он фарогири ҳамаи масоили баррасишуда аст. «Бояд қайд намоям, ки мо ҳамкориҳои анъанавии қадима дорем, чӣ дар соҳаи иқтисоду иҷтимоӣ ва чӣ фарҳангӣ. Вале дар доираи ин ҷаласа мо самтҳои нави ҳамкориҳои мутақобиларо низ баррасӣ намудем. Аз ҷумла, ҳамкориҳо дар соҳаи маблағгузорӣ ва инчунин соҳибкории Озарбойҷону Тоҷикистон низ метавонад дар ин замина рушд кунад. Мо ба қароре омадем, ки имкон диҳем, то ки соҳибкорони мо бо ҳам вохӯрда, дар доираи конфронсу мулоқот масъалаҳои марбутаро баррасӣ намоянд», — тазаккур дод Ш. Мустафоев.Вай афзуд, ки Озарбойҷон Тоҷикистонро кишвари дӯст медонад ва кишварҳои мо муносибатҳои таърихии сиёсиву иқтисодӣ доранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ин муносибатҳо боз ҳам густариш дода шаванд.«Моро пас аз гузаронидани ин ҷаласа ҷаноби Президент ба ҳузур пазируфт. Ҷаноби президент муносибатҳои байни ду давлатро баланд баҳогузорӣ намуда, изҳороти ҳайати моро шунида, супоришҳои мушаххасро дар ин самт барои боз ҳам хуб намудани сатҳи ҳамкориҳо баён дошт. Ман ба он назарам, ки соле пас дар мавриди гузаронидани ҷаласаи дуюми байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар Боку бояд баргузор шавад, дастовардҳои худро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод», — гуфт вазири Озарбойҷон. Ш. Мустафоев зикр намуд, ки ҳамкориҳои мо заминаи хуб доранд ва мо маҳсулоти якдигарро мавриди хариду фурӯш қарор додаем ва дар ин замина ҳамкориҳои мо боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.Мавриди зикр аст, ки гардиши молу маҳсулот байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар соли 2011 ба миқдори 60 дарсад зиёд гардидааст.,Албатта, ин кофӣ нест ва мо боз имконияти зиёде дорем, ки дар оянда аз онҳо истифода намуда, ҳамкории худро рушд диҳем.

Март 6, 2012 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад