Хайрия ба ифтихори Наврӯз
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар чаҳорчӯбаи фаъолияти Намояндагии Бунёди русиягии рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» дар ҶТ ва бо мадади Вазорати адлияи ҶТ 6 март ба ифтихори Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар хона – интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор маросими хайрот баргузор шуд. Ба беморони интернат маводи ғизоӣ, ширинӣ ва пойафзол тақдим гардид. Директори хона — интернат Раҳматулло Носиров ба намояндагони ташкилотҳое, ки хайрот кардаанд, аз самими қалб изҳори миннатдорӣ намуд. Тавре директори Намояндагӣ Галина Назарова зикр намуд, чунин маросимҳои хайроти Намояндагии Бунёди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» дар ҶТ ва Вазорати адлияи ҶТ дар оянда ҳам идома меёбанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






