Хидматрасонии пулакӣ боло рафт

Март 28, 2012 09:25

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ нархи хизматрасонии коммуналӣ ва маишӣ аз 15 то 20 фоиз баланд бардошта шуд. Ҳатто дар баъзе сартарошхонаю хонаҳои таъмири пойафзол нарх ба тариқи бесобиқа боло рафтааст. Ба гуфти Ҳасан Хошоков, ки худ як вақтҳо муҳандиси корхонаи пойафзоли шаҳри Душанбе буд, дар давоми моҳҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ нархи таъмири пойафзол аз 80 то 110 фоиз ва хизматрасонии сартарошхонаҳо аз 45 то 55 фоиз боло рафтааст. Ин дар мавридест, ки нархи барқ аз 1-уми апрел ба андозаи 2 дирам зиёд мегардад ва хоҳу нохоҳ он боз ба кори корхонаҳои хидматрасонӣ бетаъсир нахоҳад монд.Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми хидматрасонии пулакии аҳолӣ дар моҳҳои январ – феврали соли 2012 беш аз 1 млрд. 200 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 14,5 фоиз зиёд аст. Корхонаю ташкилотҳои сабтиномшудаи хидматрасонии пулакӣ ба маблағи 496 млн. 300 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ хидмат расонидаанд.Ба қавли дигар, мусобиқаи боло бурдани нарх дар ҳамаи корхонаю ташкилотҳои хидматрасонии пулакии аҳолӣ идома дорад.

Март 28, 2012 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад