Иҷлосияи давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ибтикори Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия чанде пеш дар шаҳри Маскав иҷлосияи муштараки гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори оид ба муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар кори иҷлосия намояндагони хадамоти дахлдори Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва намояндаи Котиботи СААД иштирок доштанд. Тавре ки дар Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар иҷлосия аз ҷониби Тоҷикистон сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ва муовини сардори шӯъбаи иттилооту таҳлили Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ иштирок намуданд.Иштирокдорони иҷлосия масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҷустуҷӯи фаврӣ ва табодули захираҳои иттилоотиро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






