Идомаи бозиҳои интихобии олимпӣ дар Осиё
Душанбе, 15 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар дидорҳои даври охирини бозиҳои интихобии олимпӣ доир ба футбол дар қитъаи Осиё дирӯз дар гурӯҳи “А” вохӯриҳои тими мунтахаби Арабистони Саудӣ бо Уммон 1 бар 1 ва Куриё бо Қатар 0 бар 0 ба анҷом расониданд. Дастаи Куриё мустақиман ба бозиҳои олимпии Лондон роххат гирифт. Аз гурӯҳи “Б” футболбозони Ӯзбакистон дар майдони худ аз дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо натиҷаи 2 бар 3 шикаст хӯрда, ба ишғоли зинаи дуввум қаноат ҳосил карданд. Вохӯрии дастаҳои Австралия ва Ироқ бо ҳисоби 0 бар 0 мусовӣ ҷамъбаст шуд. Амороти Мутаҳиддаи Араб роҳхатро дар ин гурӯҳ ба бозиҳои олимпӣ соҳиб шуд. Дар гурӯҳи “С” Сурия бар Малайзия бо ҳисоби 3 бар 0 ва Ҷопон бар Баҳрайн 2 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҷопон аз ин гурӯҳ ба бозихои олимпӣ меравад. Дастаҳои мунтахаби Уммон, Ӯзбакистон ва Сурия дар марҳилаи Play of рӯзҳои 25, 27 ва 29-уми март дар варзишгоҳи Май Динҳ Стедиум(MY Dinh Stadium)-и Малайзия барои як роҳхати дигар бо ҳам рақобат менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






