Идомаи бозиҳои интихобии олимпӣ дар Осиё
Душанбе, 14 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз даври охирини бозиҳои интихобии олимпӣ оид ба футбол дар қитъаи Осиё ба анҷом мерасад. Дар гурӯҳи “А” Арабистони Саудӣ бо Уммон ва Куриё бо Қатар вомехӯранд. Дар гурӯҳи “Б” футболбозони Ӯзбакистон дар майдони худ дастаи Амороти Муттаҳиддаи Арабро қабул мекунанд. Футболбозони Ӯзбакистон дар сурати бо ҳисоби беш аз як гол пирӯз шудан дар гурӯҳ ғолиб хоҳанд омад. Дар бозии дуввуми гурӯҳ дастаҳои Австралия ва Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Дар гурӯҳи “С” Сурия бо Малайзия ва Ҷопон бо Баҳрайн ба дидори ҳам мераванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






