Идомаи кори RECCA-V
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллох).- Тавре иттилоъ дода будем имруз Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) бо иштироки сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Пас аз суханронихои сарони давлатхо дар рафти ҷаласаҳои пленарӣ, нишастҳои гурӯҳҳои корӣ, симпозиуми илмӣ ва форуми бозаргонии Конфронс натиҷаҳои татбиқи қарору тавсеаҳои Конфронси чоруми Истанбул баррасӣ гашта, самтҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати рушди бештари Афғонистон ва минтақа муайян карда шуд. Хамрохон Зарифи иброз дошт, ки сол аз сол теъдоди кишварҳо ва созмонҳои иштирокдори раванди РЕККА, ки он соли 2005 дар Кобул оғоз ёфта буд, меафзояд. Иштироки намояндагони воломақоми 46 кишвар ва 30 созмони байналмилаливу минтақавӣ дар Конфронс нишондиҳандаи аҳамияти рӯзафзуни ҳамоиши имрӯза мебошад. Гуруххои кори пеш аз ҳама ба масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои мушаххаси тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётию коммуникатсионии мутақобилан судманд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд. Таъкид шуд, ки татбиқи воқеии онҳо барои ҳамкориҳои пойдору бардавоми иқтисодӣ бо Афғонистон заминаи мусоид фароҳам оварда, дар роҳи комёб шудан ба сулҳу суботи фарогиру устувор дар ин кишвар ва рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа марҳилаи созандаеро оғоз хоҳад намуд. Иштирокдорон афзуданд, ки бидуни таъмини амният дар Афғонистон рушди иқтисодию иҷтимоӣ, инчунин таъмини ҳамгироии минбаъдаи кишварҳои минтақа ғайриимкон аст. Монеаҳоеро, ки имрӯз дар роҳи рушди инфраструктурии минтақа вуҷуд доранд, метавон тавассути бунёди роҳҳову пулҳо ва дигар иншоотҳои коммуникатсионӣ, инчунин ҳавасмандсозии сармоягузорӣ, сода гардондани тартиби муомилоти тиҷоратӣ ва беҳтар намудани идораи сарҳадҳо, бартараф сохт. Дар оянда ин тадбирҳо на танҳо барои ҳамгироии муассири шабакаҳои мавҷудбуда, балки бунёди шабакаҳои роҳҳои оҳан ва мошингард дар ҳамбастагӣ бо хатҳои ирсоли иттилоот, интиқоли нерӯи барқ, системаҳои таъмини об, имконият фароҳам меоранд.Таъкид гардид, ки бояд иқдомоти чонибхо бар пояи муколамаи созанда, эҳтироми ҳамдигар, эътимод, баробарӣ, эътирофи манофеъи мутақобил, инчунин дастгирӣ ва тавсеъаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва ҳамгироӣ ба роҳ монда шавад. Танҳо чунин муносибати фарогир ва мутаносиб имкон медиҳад, ки рушди устувор, таҳкими амнияту субот дар Афғонистон ба нафъи мардуми тамоми минтақа фароҳам оварда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






