Идрорпулии СММ барои журналистон
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бунёди идрорпулии журналистон ба номи Даг Ҳамершелд дархостҳои журналистони ҷавони кишварҳои тараққиёбандаро барои иштирок дар Барномаи идрорпулии СММ барои соли 2012 қабул мекунад. Мӯҳлати охирини додани дархостҳо рӯзи ҷумъаи 30 марти соли 2012 мебошад. Дар барнома журналистони касбии синнашон аз 25 то 35 – и кишварҳои тараққиёбанда, ки хоҳиши инъикос намудани кори иҷлосияи 67 – уми Ассамблеяи Генералии СММ – ро доранд, иштирок карда метавонанд. Барнома дар аввали моҳи сентябр оғоз ёфта, то охири моҳи ноябр давом мекунад.Дар чаҳорчӯбаи барнома 4 номзад интихоб мегардад. Онҳо имконияти нодир пайдо мекунанд, ки мубоҳисаҳои дипломатии байналмилалӣ дар СММ – ро мушоҳида намуда, равобити касбӣ барқарор кунанд, бо журналистони таҷрибадори тамоми ҷаҳон муошират намоянд, дурнамои васеъро фаро гиранд ва масъалаҳои дорои аҳамияти ҷаҳониро дарк кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






