Ифтихорнома ба муовини аввали Сарвазир ва вазир
Душанбе, 29 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ду тан аз собиқ раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва Нуриддин Саидов 29 март дар ҷараёни баргузории иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумони мамлакат барои фаъолияти пурсамарашон дар Маҷлиси миллӣ ва рушди парламентаризм бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Мавриди зикр аст, ки бо Фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ Матлубхон Давлатов муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ ва Нуриддин Саидов вазири маорифи кишвар таъин гардида буданд. Дар робита ба ин дар иҷлосия бар асоси қарори марбутаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати онҳо пеш аз мӯҳлат қатъ гардида, Матлубхон Давлатов аз раисии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иқтисодиёту коммуникатсия ва Нуриддин Саидов аз раисии Кумитаи палатаи болоии парлумони мамлакат доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ бозхонд гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






