Ифтитоҳи хати нави парвоз
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хати парвози навбатиро ба самти Душанбе-Киев-Душанбе ба роҳ мемонад. Парвози нахустин бо самти нав 4 апрел амалӣ хоҳад шуд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзи чоршанбе иҷро мешаванд. Вақти парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 04:00 ва бозгашт аз Киев ба Душанбе соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад. Нишаст дар фурудгоҳи Душанбе соати 01:00 аст. Арзиши чипта барои дараҷаи камхарҷ ба як тараф 220 евроро ташкил медиҳад, рафту омад -440 евро. Арзиши чиптаи дараҷаи тиҷоратӣ 530 евро ва рафту омад 1060 евро мебошад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг амалӣ хоҳанд гашт. Ифтитоҳи хати нави парвоз ба ширкати ҳавопаймоӣ имконият медиҳад, ки масофаи парвози мусофиронро ба дигар самтҳо кӯтоҳтар намояд. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҷараёни омодагӣ ба ифтитоҳи самти нав бо ширкатҳои ҳавопаймоии машҳури украинӣ «Аэросвит» ва «МАУ» созишномаи «интерлайн»-ро ба имзо расонд. Тибқи ин созишнома ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва интиқолдиҳандагони украинӣ метавонанд ба мусофирон барои тамоми самтҳое, ки парвозро амалӣ мекунанд, чипта пешниҳод намоянд. Иқдоми мазкур барои мусофирон расмиёти ба даст овардани чиптаро ба самтҳои дур хеле осон хоҳад кард. Мусофироне, ки аз Душанбе парвоз мекунанд, метавонанд на танҳо то Киев, балки тавассути хати васли парвоз ба тамоми самтҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоии «Аэросвит» ва «МАУ» парвозҳоро иҷро мекунанд, аз ҷумла шаҳрҳои Ню-Йорк, Амстердам, Тел-Авив, Берлин, Тбилиси, Брюссел, Мадрид, Лондон, Хелсинки, Лиссабон, Варшава, Сидней, Бухарест, Париж, Стокголм, Ницца ва Вена чиптаҳоро дастрас намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






