Ифтитоҳи RECCA-V дар Душанбе
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Субҳи имрӯз дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) бо иштироки сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Ҳамоиши имрӯза таҳти шиори «Ҳамкорӣ барои натиҷабардорӣ дар пешбурди ҳамгироӣ, субот ва рушди минтақавӣ» ҷараён дорад. Конфронс аз натиҷаҳо ва вазифаҳои дар ҳамоишҳои қаблӣ доир ба Афғонистон муайянгардида маншаъ гирифта, дар навбати худ дар таърихи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи барқарорсозии ҳаёти осоиштаи ин кишвар саҳифаи навро оғоз хоҳад намуд. «Тоҷикистон мисли ҳамешагӣ сидқан ҷонибдори боэътимоди сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, мӯътақидем, ки истиқрору субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад»,- иброз дошт зимни суханронии худ дар ин конфронс Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Ҳамчунин дар ҳамоиш таъкид шуд, ки тайи чанд соли охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавии сатҳҳои гуногун зиёд баргузор гардиданд. Дар онҳо пешниҳоду таклифҳои созанда фаровон садо дода, санадҳои муфид ҳам қабул шуда буданд. Вале мутаассифона, раванди татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда муҷиби қаноатмандӣ нест ва алҳол зарурати эҷоди механизми мукаммали татбиқсозии онҳо пеш омадааст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид бар он аст, ки: «Тадриҷан ба зиммаи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон гузаштани масъулият барои таъмини амнияти кишвар тақозо мекунад, ки онҳо барои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ҳамаҷониба омода шаванд. Дар ин росто мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии Афғонистон дар баробари таъминоти техникӣ ба рушди ҳайати кадрӣ ниёз доранд». Дар баробари ин, дар ин конфронс қайд гардид, ки раванди барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон дар марҳилаи кунунӣ ба рушди омили инсонӣ ниёзи хосса дорад. Бино бар ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати таъмини бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии Афғонистон бо мутахассисони зарурӣ бояд ба ҳайси яке аз самтҳои калидии фаъолияти ҳамёрони байналмилалӣ пазируфта шавад.
Дар ин конфронс инчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон суханронӣ намуда, нақши конфронси мазкурро дар барқарорсозии сулҳ ва густариши иқтисоди Афғонистон муҳим арзёбӣ карданд. Ин Конфронс ду рӯз идома хоҳад кард.








Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд






