Имзои Созишнома байни ду кишвари ҳамҷавор
Душанбе, 13 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби сурхи Чин дар Пекин Созишномаи ҳамкориҳои дӯстонаро ба имзо расониданд. Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва аз ҷониби Чин хонум Ҳао Лина, муовини президенти Ҷамъияти Салиби Сурхи Чин имзо гузоштанд. Ҳадафи созишнома таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Чин аст. Ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои худро дар самтҳои табодули иттилоот ва мусоидат ба ҳамдигар, таҷриба ва таҳкими тамосҳо, рушди иқтидор ва тавоноӣ, ироаи таҷҳизот ва маводи башардӯстона ва омӯзиши имкони роҳандозии барномаҳои муштарак густариш диҳанд. Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, мегӯяд: «созишномаи мазкур қадами нахустин дар ҳамкориҳо миёни ду ҷамъият мебошад». Созишномаи мазкур дар чаҳорчӯбаи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






