Интихоби беҳтарин кадбонуҳо дар Панҷакент

Март 3, 2012 10:50

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Панҷакент озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо фарогирии занону бонувони шаҳру деҳоти ноҳия оғоз гардид, ки дар арафаи Рӯзи Модар ҷамъбаст мегардад.Тибқи низомномаи тасдиқгардида, ки дар шартҳои озмун муайян гардидааст, ҳайати кумитаи тадорукот ба ҳунару завқи занону духтарон, ба маҳорати баланди пухтани таомҳои миллӣ, пешниҳоди услуби тарзи ихтирои намуди нави таом ва эҳёи хӯроки миллии фаромӯшгардида, омода намудани дастархон, ҳаракат ва одоби баланди пешниҳоди таом бо қироати шеърҳо дар васфи Модар, баҳор, Наврӯз, малакаи муоширати онҳо диққати махсус медиҳанд.То имрӯз дар маҳаллаҳои Шодиёна, 10 – солагии Истиқлолият, Шафтолузор, Гулистон, Қайнар, Сои Зевон, Суғдиён, Азизобод ва дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, Х.Ҳасан, Л.Шералӣ, Саразм, Чинор, Сӯҷина озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар сатҳи баланд баргузор гардид.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳру деҳоти Панҷакент идома дорад ва он дар арафаи Рӯзи Модар дар тантанаҳои идонаи ҷашнӣ, ки дар Кохи фарҳанг бо иштироки 500 нафар занону бонувони барӯманди Панҷакент баргузор мегардад, ҷамъбаст карда мешавад.

Март 3, 2012 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад