Интихоби раисони нави Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ
Душанбе, 30 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев, ки раиси шаҳри Истаравшан аст, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ интихоб гардид. Инчунин, Саидумрон Абдураҳмонов /раиси ноҳияи Рашт/ ба узвияти Кумитаи мазкур пазируфта шуд. Ҳамзамон дар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумони мамлакат тибқи қарори марбутаи Маҷлиси миллӣ Саидмурод Тағоев (раиси ноҳияи Рӯдакӣ) раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва Абдуҷон Таваккалов /раиси ноҳияи Панҷ/ узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба масъалаҳои аграрӣ , шуғли аҳолӣ ва экология интихоб гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки ин шахсон 25 феврали соли равон зимни баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои аъзои хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои халқи вилояту ноҳияҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардида буданд. Маҷлиси миллӣ- палатаи болоии парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 узв дошта, 8 нафараш бо Фармони Президент ва боқимонда дар асоси интихобот аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар интихоб мегардад. Президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии Маҷлиси миллӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






