Ислоҳот дар низоми милитсия
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 28 март Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ва Муншии умумии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниер дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ислоҳоти низоми милитсияи Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти ВКД – и ҷумҳурӣ, мақсад аз гузаронидани ислоҳот ва тағйири сохтори нави милитсияи Тоҷикистон пеш аз ҳама таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар аст.Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои ҳамкории муштарак ба манзури таъмини амнияти минтақа, аз ҷумла амнияти Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






