Ислом мухолифи Наврӯз нест
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ)- Имрӯз дар маҷлисгоҳи маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ конфронси ҷумҳуриявии илмию назарӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Наврӯз дар сарчашмаҳои тоисломӣ ва исломӣ» баргузор гардид. Ширкаткунандагони конфронс дар мавзӯъҳои «Давлати дунявӣ ва абъоди динии масъалаи эҳёи арзишҳои фарҳангии Наврӯз», «Баъзе маълумот доир ба Наврӯз дар манобеъи араб», «Таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон», «Ҷамшед- бунёдгузори Наврӯз», «Наврӯз дар сарчашмаҳои тоисломӣ», «»Мақоми Наврӯз дар такмили худшиносии миллӣ», «Қуръон ва суннат-бозтоби таърихӣ ва амалии фарҳанги Наврӯз» ва чандин мавзӯи дигарро баррасӣ карданд. Бояд гуфт, ки бештари маърӯзачиён зид набудани исломро ба ин иди аҷдодии мардуми форсу тоҷик таъкид карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






