Истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ меафзояд

Март 15, 2012 10:53

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Тоҷикистон истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла хишту шиша меафзояд. Мувофиқи суханони манбаъ, сабаби афзоиш ёфтани масолеҳи сохтмонӣ дар навбати аввал мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ ба афзудани талаботи ҷумҳурӣ ба ин маҳсулот мебошад. Масалан, тайи ду моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор дона хишт истеҳсол гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 баробари 655 ҳазор дона зиёд аст. Ҳамчунин истеҳсоли шишаи сохтмонӣ ва шифер афзоиш ёфт.«Тайи соли 2012 дар ҷумҳурӣ қариб 20 корхонаи истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили хишт, санги мармар, семент ва шиша ба истифода дода хоҳад шуд», — афзуд манбаъ.

Март 15, 2012 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд