Изҳори хушҳолии Аҳмад Муҳаммад Алӣ аз мулоқот бо Э. Раҳмон

Март 27, 2012 13:17

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз баъд аз мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба журналистон хурсандии худро чунин баён намуд: «хеле шарафмандам, ки бо Сарвари давлати Тоҷикистон дар мавриди як қатор масъалаҳои бисёр муҳим ва мубрами рӯз мубодилаи афкори судманд намудам». Аҳмад Муҳаммад Алӣ зимни мулоқот Президентро барои ташкил ва баргузории Конфронси минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V), ки барои мусоидат ва кӯмак ба Афғонистон равона шудааст, табрику таҳният намуд.«Дарвоқеъ, ин ҳамоиши бисёр муҳим дар Тоҷикистон муваффақона ташкил ва баргузор гардид, ки он бевосита барои тамоми мардуми шарифи Афғонистон дар ин марҳилаи бисёр ҳассос ва муҳим кӯмак ва мусоидати амалӣ хоҳад расонид. Умуман сатҳ ва теъдоди зиёди иштироккунандагон ва намояндагони бисёр давлатҳои ҷаҳон дар ин ҳамоиш худ инъикосгари аҳамияти муҳими ҳамоиш аст, ки ба бародар ва хоҳарони мо дар Афғонистон кӯмак хоҳад намуд. Конфронс дар мавриди дарёфти роҳҳои муассири ҳалли мавзӯи марбут ба Афғонистон ба иштироккунандагони он имконоти хеле мусоид фароҳам овард. Илова бар ин зимни мулоқот бо Президенти кишвар мо як силсила пружаҳои минтақавиеро, ки имрӯз аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ ва татбиқ мешаванд, мавриди муҳокима қарор додем ва алалхусус перомуни лоиҳаҳо дар самти нақлиёт, нерӯи барқ ва таҳкиму густариши тиҷорату сармоягузорӣ гуфтугӯи хеле судманд анҷом додем. Сипас мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар ва диди худро ҷиҳати густаришу тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ, ки имрӯз рӯ ба инкишоф доранд, баён намуд ва мо махсусан мавзӯи ҳамкории зичро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди исломии маблағгузории тиҷорат, ки яке аз ҷузъ ва ё гурӯҳи Бонки исломии рушд маҳсуб мешавад, мавриди муҳокима қарор додем».Илова бар ин перомуни мавзӯи баргузории ҷаласаи солонаи шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, ки дар соли 2013 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, сӯҳбати бисёр судманд ва муфид доштем ва Президенти кишвар ба мо изҳори итминон намуд, ки тамоми роҳбарону масъулин ва мудирони Бонки исломии рушд (БИР) аз 56 кишвари аъзои БИР дар Тоҷикистон аз иштироки худ дар ин ҷаласаи бонуфуз таассуроти неке хоҳанд бардошт.

Март 27, 2012 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад
РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд
Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мешаванд
Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд
Дар Душанбе масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ баррасӣ шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмию амалӣ оғоз гардид
Дар саросари ҷаҳон афзоиши ҳолатҳои инсулт ошкор гардид
Интернети боз ҳам бештар: оператори «Анор» тарофаҳоро такмил дод