Кӣ ба коркарди нахи пахта таваҷҷӯҳ дорад?
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муассисони корхонаҳои ХММ «Агровет» ва ХС «БеҳрӯзиМурод» тасмим гирифтаанд, ки дар корхонаҳои ресандагии вилоятиХатлон барои коркарди маҳсулоти пахтагини истеҳсоли ватанӣ тадбирҳо андешанд,- иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар».
Боиси зикр аст, ки бо мақсади ҳарчи бештар коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ ва амалӣ намудани Барномаи коркрди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда то соли 2015 якчанд корхонаи нави коркарди пахта бунёд карда шавад.
Дар арафаи соли нави 2012 бо дастгириву маблағгузории «Тоҷиксодиротбонк» дар вилояти Хатлон ду корхонаи коркарди пахта бунёд ва мавриди истифода қарор ёфт.
Ба иттилои манбаъ, ҳар кадоми ин ду корхона дар як сол иқтидори коркарди беш аз 20 ҳазор тонна пахтаро дорад.Корхонаҳои навбунёд дар ноҳияҳои Бохтар ва АбдураҳмониҶомӣ аллакай беш аз 4 ҳазор тонна пахтаро барои коркард аз хоҷагиҳо қабул намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






