Кӯмак ба ниёзмандон кори савоб аст

Март 28, 2012 13:46

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон ва собиқадорони меҳнат, ятимхонаҳо, мактаб-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон корҳои муайянро ба анҷом расонид. Аз ҷумла ба мактаб-интернати № 4 деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод ба маблағи 8500 сомонӣ, ба ятимдухтарони муассисаи «Чароғи ҳидоят» ба маблағи 3000 сомонӣ кӯмаки молӣ расонида шуд. Илова бар ин Кумитаи корҳои дин дар тарабхонаи «Марҷона» хатнасури 55 нафар тифл аз оилаҳои ниёзмандро аз ҷумлаи кормандони Кумитаи мазкур ва шаҳрвандони шаҳри Душанбею ноҳияҳои атрофи он доир намуд. Боиси зикр аст, ки баргузории корҳои хайриявӣ дар саросари ҷумҳурӣ идома дорад.

Март 28, 2012 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд