Кӯмаки навбатӣ ба Хонаи кӯдакон

Март 16, 2012 17:07

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи понздаҳ ҳазору чорсаду чилу панҷ сомонӣ маводи ғизоӣ, либосу пойафзол ва молҳои ниёзи аввалия, маводи доруворӣ, бастаи рахти хоб кӯмак расонид. Ин иқдом дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2008 доир ба расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ охирин набуда, мунтазам амалӣ мегардад. Муассиса 121 нафар тарбиятгирандаро фаро гирифта, соли гузашта тӯйи суннатии 40 нафари онҳоро баргузор намуд ба онҳо тӯҳфаҳо супорид.

Март 16, 2012 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд