Кӯмаки Сарвари давлат ба ниёзмандони шаҳри Ваҳдат

Март 14, 2012 08:45

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар»). — Ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай ба ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоати шаҳри Ваҳдат кумаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд. Имрӯз бо пайравӣ ба анъанаи накуи наврӯзӣ ва пос доштани оини ҷавонмардӣ ба зиёда аз 7 ҳазору 200 нафар ниёзманд, аз ҷумла оилаҳои камбизоат ва хонаводаҳои дорои иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, маъюбон, пирону барҷомондагон ва ятимон кумаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд. Кумаки хайрия, ки аз маводи хӯрока, либосворӣ ва ғайра иборат аст, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҷамъиятии хайрияи Эмомалӣ Раҳмон харидорӣ шудааст. Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар кумакҳои хайрия ба оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон расонда мешаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки кумакрасонии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ниёзмандон, албатта соҳибкорону тоҷирон ва дигар мардуми саховатпешаро ҳам ба амалҳои хайру савоб ва дасти кӯмак дароз кардан ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, маъюбон ва пирону барҷомондагон водор месозад. Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медорад, тамоми мардуми кишвар бо кумаку дастгирии ҳамдигар шароити истиқболи сазовори Наврӯзи оламафрӯз ва дигар ҷашну идҳои пурифтихори умумимиллиро бояд дошта бошанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиолоъ доданд.

Март 14, 2012 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад