Кӯмакпулӣ ба хонумони фаррош

Март 5, 2012 14:44

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори Рӯзи модар ва ҷашни Наврӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фонди захиравии худ 1 миллиону 192 ҳазор сомонӣ барои дастгирии занони табақаҳои гуногуни пойтахт, хусусан хонумони фаррош, ки дар тозагию ободонии пойтахт заҳмати зиёд мекашанд, кӯмакпулии яквақтаина ҷудо намуд. Ин тадбир бо назардошти саҳми арзандаю иштироки фаъолонаи занон дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонии пойтахт андешида шудааст. Дар асоси қарори марбутаи раиси шаҳр ба 2285 зани фаррош, 19 нафар собиқадори меҳнат, 20 нафар фаъолзани пойтахт, 60 нафар зан-корманди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва сохторҳои мақомоти шаҳрӣ ба ҳар кадоме 500 сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина расонида мешавад.

Март 5, 2012 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад