Лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав

Март 16, 2012 16:01

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи корӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва коршиносон доир ба лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав баргузор гардид.  Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар рафти ҷаласа аҳамияти андешаю пешниҳодҳои соҳибкорони ватанӣ ва коршиносонро доир ба лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки бояд мутобиқ ба вазъи ҷомеа ва талаботи муосир бошад, таъкид намуд. Бино ба иттилои Ш. Раҳимзода, то имрӯз аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорат 197 таклифу пешниҳод манзур гардидааст, ки аз онҳо 80-тоаш қабул шуда ва як қисми дигараш мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамчунин дар идомаи ҷаласаи корӣ фикру андешаҳои иштирокчиёни дигари ҷаласа мавриди баррасӣ қарор мегирад ва таклифҳои асоснок ҷиҳати такмили лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба Комиссияи босалоҳият пешниҳод хоҳад шуд.

Март 16, 2012 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!