Лондон 2012: боз як имкон барои футболбозони Осиё
Душанбе, 28 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар силсилаи бозиҳои марҳилаи “play off” дар қораи Осиё дирӯз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар дидори нахустини худ олимпичиёни кишвари Сурияро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб карда, барои ба Бозиҳои олимпии Лондон роҳхат гирифтан боз як имтиёзи хуб ба даст овард. Аз ин пештар футболбозони Сурия бо ҳамтои худ аз мамлакати Уммон бозӣ карда, онро бо натиҷаи 1 бар 1 мусовӣ ҷамъбаст карданд. Пагоҳ ғолиби ин марҳила дар мусобиқаҳои дастаҳои олимпии Ӯзбекистон ва Уммон муайян мешавад. Ёдрас мешавем, ки ғолиби қораи Осиё барои ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтан бо дастаи мунтахаби олимпии Синегал рӯзи 23 апрел қувва хоҳад озмуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






