М. Аҳмадинажод дари «Хонаи Эрон»-ро боз мекунад
Душанбе, 23 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати иштирок дар ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе 25 март таҷлил мегардад, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бо як ҳайати баландпоя 24 март озими Душанбе мешавад. Назар ба иттилои Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе, Маҳмуд Аҳмадинажод дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон дар тантанаҳои ҷашнии Наврӯзи байналмилалӣ иштирок намуда, инчунин бо Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мулоқот анҷом медиҳад. Ҳамзамон Маҳмуд Аҳмадинажод дар маросими ифтитоҳи Маркази фарҳангии «Хонаи Эрон», ки дар яке аз мавзеъҳои Душанбе бунёд гардидааст, ширкат менамояд. Ҳусайн Ширхонӣ афзуд, ки Маҳмуд Аҳмадинажодро ба Душанбе ҳайати 70 нафараи ҳунармандону мусиқачиёни эронӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Инчунин Президенти Эрон дар конфронси панҷуми вобаста ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар Душанбе доир мегардад, иштирок ва суханронӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






