Маҳфили «Дугонаҳо»
Хоруғ, 5 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Барои баланд бардоштани савияи дониш ва такмили маҳорату малакаи гулдухтарон дар мактаби президентӣ маҳфили «Дугонаҳо» баргузор гардид. Дар маҳфил асосан ба ҳусну малоҳат, тарзи фиристи дуруд ё салом, истеъдоди сароидани таронаҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ ва расму оини миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Иштирокдорони маҳфил, ки теъдодашон беш аз 26 нафар буд, ҳамчунин ҳунари кашидадӯзӣ ва дӯзандагӣ, бофандагию қаннодии худро намоиш доданд. Ба қавли коршиносони масоили фарҳангӣ, ҳарчанд синну соли духтарон ҳанӯз хурд аст, вале ҷустӯҷӯ ва кӯшиши онҳо барои эҳёӣ расму суннати мардуми кӯҳистон натиҷаи дилхох ба бор овардааст.Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Меҳрӣ Ғуломшоева, ки дар ин маҳфил ширкат дошт, гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ як навъ ёдоварӣ аз хислатҳои хуби занони Шарқ, ҳаё, ҳусну ҷамол ва либоси ҷолибу зебои онҳо мебошад.Дар шароити кунунӣ, ки тавассути интернет ва дигар расонаҳои дунё фарҳангҳои гуногун ҳамарӯза ба насли ҷавон таҳмил мешаванд, баргузор гардидани чунин маҳфилҳо басо муҳим аст. Кӯдакону наврасон ҳар қадар бо расму оини мардуми кишвари худ бештар шинос гарданд, фарҳангҳои бегона ба онҳо ҳамон қадар таъсири камтар мерасонанд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






