Маҳфили ёдбуди Б.Ватаев
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 15 март, дар Маркази илму фарҳанги Русия маҳфили ёдбуди иҷрокунандаи маъруфи нақшҳои асосӣ дар филмҳои бадеии «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Қиссаи Сиёвуш» Ҳунарпешаи мардумии ФР, ҷоизи мукофоти ба номи Рӯдакӣ Бимболат Ватаев баргузор мегардад. Дар маҳфил аъзои Иттифоқи синамочиёни ҶТ, Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон Майрам Исоева, Ҳабибулло Абдураззоқов, суратгир ва рассоми бахши синамои тоҷик Заур Дахте, ходимони дигари фарҳангу санъат, ки Бимболат Ватаевро шахсан медонистанд, эҳтироми бепоёни худро нисбат ба ин ҳунарпешаи маъруф иброз доштанд. Б.Ватаев 15 марти соли 1939 дар Иристони Шимолӣ — Алания дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 1964 дар шаҳри Маскав Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б.Щукинро хатм карда буд. Фаъолияташро ба ҳайси ҳунарпешаи синамо дар Тоҷикистон бо иҷрои нақши асосӣ дар филми «Ҳасани аробакаш» шурӯъ намуд. Б.Ватаев соли 2000 – ум вафот кард. Хотираи Бимболат Ватаев дар Иристон – Алания ва Тоҷикистон ба таври муқаддас ёд карда мешавад.Дар ин бора ташкилкунандагони маҳфили ёдбуд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






