Маҳсулоти ватании «Ширин» дар арафаи ҷашнҳо
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Саодати Исайнӣ, Саодат Сафарова). — Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширин»-и шаҳри Душанбе тайи ду моҳи соли равон қариб 60 тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намудааст. Cариқтисодчии ширкати мазкур Шафоат Пӯлотова иттилоъ дод, ки онҳо ба истиқболи Рӯзи модар ва ҷашни Наврӯз зиёда аз 10 намуд ширинӣ омода намудаанд. Аз ҷумла, мармалоди «Барфак», «Шабнам», «Шири мурғ», инчунин конфетҳои мевагии «Зардолу дар шакалод», «Олу дар шакалод» ва «Бодом дар шакалод» бо сифати хуб ва нархи дастрас пешкаши аҳолии кишвар мегарданд. Маврид ба ёдоварист, ки имрӯз дар ҶСК «Ширин» зиёда аз 180 нафар кор карда, азм доранд, ки то охири соли ҷорӣ 1000 тонна маҳсулоти ширавор истеҳсол намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






