«Манчестер Юнайтед» ва «Манчестер Сити» ҳамтақдир шуданд

Март 16, 2012 17:29

Душанбе, 16 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз дар бозихои баргашти 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо дастаҳои машҳури лигаи бартари англис «Манчестер Юнайтед» ва «Манчестер Сити» натавонистанд дар баробари ҳарифони худ хуб ҳунарнамоӣ карда, аз натиҷаи ду бозӣ ба даври ¼ ниҳоӣ роҳхат гиранд. «Манчестер Сити» дар майдони худ «Спортинг»-ро бо натиҷаи 3 бар 2 мағлуб кард, вале натиҷаи вохӯрии нахустин дар Лиссабон, ки бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи «Спортинг» ба поён расида буд, тақдири роҳхатро ба бозиҳои минбаъда ба фоидаи футболбозони португалӣ ҳал кард. «Манчестер Юнайтед» дар сафар аз клуби «Атлетик»-и Билбао бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд ва ҳуқуқи идома додани бозиҳоро аз даст дод. Ба бозиҳои 4/1 ниҳоӣ инчунин дастаҳои «Ганновер» ва «Шалке»-и Олмон, «АЗ Алкмар»-и Ҳоланд, «Валенсия» ва «Атлетико» – и Испания, «Металлист»-и Украина роҳхат гирифтанд. Имрӯз дар ин поя қуръакашии бозиҳои Ҷоми чемпионҳо ва Лигаи Арупо дар шаҳри Нйони Швейтсария баргузор хоҳад шуд.

Март 16, 2012 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд