Маркази фарҳанги тоҷик дар Қирғизистон
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон 19 март маросими ифтитоҳи Маркази фарҳанги «Сомониҳо» — и тоҷик баргузор шуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон хабар доданд.Сафири ҶТ дар Қирғизистон Асомуддин Саидов гуфт, ки Маркази фарҳанг кошонаи меҳмоннавозе барои ҳамаи хоҳишмандон гардида ва имкон медиҳад, ки меҳмонони он дар бораи Тоҷикистон, ҳаёти имрӯзаи мардуми он, адабиёт, таърих ва фарҳанги тоҷикон бештар маълумот дошта бошанд.Маркази фарҳанг бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Сафорат ният дорад, ки дар оянда онро бо асбобҳои мусиқии миллӣ ва дастгоҳи муосир таъмин намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






