Маркази нав дар Панҷакент
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар заминаи собиқ беморхонаи минтақавии Кӯктоши Ҷамоати Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд Маркази ҷилавгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои дил ва рагҳои хунгард таъсис меёбад. Тибқи хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои таҷдиду тармим ва хариди таҷҳизоти мавриди зарурати маркази мазкур аз буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 70 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.Мувофиқи суханони манбаъ, марказ дорои 60 кат хоҳад буд. Бунёду тармими маркази тансиҳатиро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Раёсати сохтмонии №30» ба ӯҳда дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






