Маркази нав дар Панҷакент

Март 13, 2012 15:15

Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар заминаи собиқ беморхонаи минтақавии Кӯктоши Ҷамоати Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд Маркази ҷилавгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои дил ва рагҳои хунгард таъсис меёбад. Тибқи хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои таҷдиду тармим ва хариди таҷҳизоти мавриди зарурати маркази мазкур аз буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 70 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.Мувофиқи суханони манбаъ, марказ дорои 60 кат хоҳад буд. Бунёду тармими маркази тансиҳатиро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Раёсати сохтмонии №30» ба ӯҳда дорад.

Март 13, 2012 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд