Маркази нави Мегафон

Март 16, 2012 17:01

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар»).- 16 март дар шаҳри Душанбе «МегаФон» барои муштариёни корпоративиаш мавркази нав ифтитоҳ кард. Дар ҳоли ҳозир муассисаҳои бонуфузи кишвар, ба монанди «Газпром», «Талко», ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр», созмонҳои байналмилалӣ, бонкҳо, сафоратхонаҳои Британияи Кабир, Русия, Япония ва Олмон муштариёни корпоративии «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд.  «Мақсади мо – ба муштариён расонидани хидматгузории сатҳи баланд ва дорои технологияи муосир мебошад. Коргоҳи нав дар минтақаи муносиб, ошёнаи якум ва дар беҳтарин маркази тиҷоратии дараҷаи олӣ қарор дорад. Қобили тазаккур аст, ки он бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст», — гуфт Алексей Семёнов, директори иҷроияи «МегаФон Тоҷикистон» дар расми ифтитоҳи марказии хизматрасонии муштариёни корпоративӣ. Маркази нав аз ду қисмат иборат аст: қисми машваратию фурӯш ва қисми VIP-хизматрасонӣ. Чунин тақсимот сатҳи хизматрасонии муштариёнро ба маротиб беҳтар мекунад. Дар маҷлисгоҳи муҷаҳҳаз бо техникаи намоишии ҳозиразамон ва интернет бо суръати баланд кормандон ва муштариён метавонанд вохӯриҳои васеъ, видеоҷаласа ва гуфтушунид баргузор кунанд. Ҳамчунин тарҳ ва муҳити роҳатафзои бино табъи муштариёнро хуш мегардонад. Марказ пурра бо таҷҳизоти комилан тозаи экологии дорои сертификат муҷаҳҳаз аст. Нахустин муштарии корпоративии Марказ нав Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ мебошад. Ба ин муносибат Асадулло Раҳмонов, раиси кумита бо дипломи фахрӣ ва планшети ҳозиразамон сарфароз гардонида шуд.

Март 16, 2012 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд