Маркази нави Мегафон
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар»).- 16 март дар шаҳри Душанбе «МегаФон» барои муштариёни корпоративиаш мавркази нав ифтитоҳ кард. Дар ҳоли ҳозир муассисаҳои бонуфузи кишвар, ба монанди «Газпром», «Талко», ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр», созмонҳои байналмилалӣ, бонкҳо, сафоратхонаҳои Британияи Кабир, Русия, Япония ва Олмон муштариёни корпоративии «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд. «Мақсади мо – ба муштариён расонидани хидматгузории сатҳи баланд ва дорои технологияи муосир мебошад. Коргоҳи нав дар минтақаи муносиб, ошёнаи якум ва дар беҳтарин маркази тиҷоратии дараҷаи олӣ қарор дорад. Қобили тазаккур аст, ки он бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст», — гуфт Алексей Семёнов, директори иҷроияи «МегаФон Тоҷикистон» дар расми ифтитоҳи марказии хизматрасонии муштариёни корпоративӣ. Маркази нав аз ду қисмат иборат аст: қисми машваратию фурӯш ва қисми VIP-хизматрасонӣ. Чунин тақсимот сатҳи хизматрасонии муштариёнро ба маротиб беҳтар мекунад. Дар маҷлисгоҳи муҷаҳҳаз бо техникаи намоишии ҳозиразамон ва интернет бо суръати баланд кормандон ва муштариён метавонанд вохӯриҳои васеъ, видеоҷаласа ва гуфтушунид баргузор кунанд. Ҳамчунин тарҳ ва муҳити роҳатафзои бино табъи муштариёнро хуш мегардонад. Марказ пурра бо таҷҳизоти комилан тозаи экологии дорои сертификат муҷаҳҳаз аст. Нахустин муштарии корпоративии Марказ нав Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ мебошад. Ба ин муносибат Асадулло Раҳмонов, раиси кумита бо дипломи фахрӣ ва планшети ҳозиразамон сарфароз гардонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






