Машқи таълимӣ барои журналистон
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 16 март дар шаҳри Душанбе тренинг (машқ) – и дурӯза барои журналистон ҷиҳати инъикоси дурусти масъалаҳои бемории сил дар васоити ахбори омма ба кораш шурӯъ мекунад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тренингро Вазорати тандурустии ҶТ якҷоя бо лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон барои журналистони тоҷикзабони васоити ахбори оммаи электронию чопии ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон созмон додааст. Датсгирии молиявии гузаронидани тренингро Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) ва Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, бемориҳои сил ва вараҷа ба ӯҳда доранд.Тренингро мутахассисон – фтизиатрҳо аз қабили сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ оид ба масъалаҳои бемории сил Қурбонгул Зокирова, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза ба бемории сил Зоир Абдуллоев, ҳамоҳангсози оид ба равобит бо аҳли ҷамъияти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил Фирӯза Саидова, ҳамчунин ҳуқуқшиносони Вазорати тандурустии ҶТ рӯи кор меоранд. Журналистон аз рӯи натиҷаи тренинг, ки корашро 17 март анҷом медиҳад, шаҳодатнома мегиранд. Ғайр аз ин, онҳо бояд вақтҳои наздиктарин маводи заруриро дар мавзӯи бемории сил манзури васоити ахбори омма намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






