Машварати кории Сарвари давлат

Март 29, 2012 08:35

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»). – 28 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.  Дар машварат масоили вобаста ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба обхезию дигар офатҳои табиӣ ва вусъат додани кори корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуд. Доир ба масоили номбурда гузориши Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва дигар шахсони масъул шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои тезондани киштукори баҳорӣ, таъмини кишоварзон бо техникаю механизмҳои зарурӣ, тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад. Аз ҳозир барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва барои тирамоҳу зимистони оянда фаровон захира кардани неъматҳои моддӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар робита ба эҳтимолияти баланди фурӯд омадани тарма ва ярч, обхезиҳои баъди обшавии барфи беандоза зиёди имсола ва боронҳои шадиди баҳорӣ дастур дода шуд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситодҳои омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шаванд. Таъкид гардид, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ воситаҳои ахбори омма ва дигар имконоти мавҷуда бояд васеъ ҷалб шаванд. Вобаста ба гармшавии тадриҷии ҳаво, зиёдшавии оби дарёҳо ва дар рӯзҳои наздик кам шудани маҳдудияти таъминоти нерӯи барқ дастур дода шуд, ки корхонаҳои саноатӣ баъди бемаҳдудият гирифтани нерӯи барқ корро шабонарӯзӣ, дар се баст ташкил намуда, истеҳсоли маҳсулотро афзун созанд. Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, амалӣ намудани дигар тадбирҳо ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Март 29, 2012 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт