Машварати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 29 – 30 март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мулоқоти байниидоравии кории намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи панҷ кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва ИМА баргузор мегардад. Тавре аз дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни машварат масъалаҳои марбут ба роҳандозӣ намудани амалиёти муштарак барои ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар дар минтақа мавриди муҳокима қарор мегиранд.«Байни идораҳои дахлдори кишварҳои зикршуда табодули фаврии иттилоотӣ аз рӯи масъалаҳои муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор сари вақт ошкор намуда ва безарар гардонида шаванд. Чунин ҳамкорӣ заминаи тадриҷан ба эътидол овардани вазъияти минтақаро фароҳам меорад», — қайд намуд манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






