Медали нуқраи Мавзуна аз чемпионати Осиё
Душанбе, 27 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Аз 16-ум то 26-уми март дар пойтахти Муғулистон — шаҳри Улан-Батор мусобиқаи Осиё доир ба бокс баргузор шуд. Бонуи тоҷикистонӣ Мавзуна Чориева дар вазни то 60 кило соҳиби мақоми дуввум шуда, медали нуқраи мусобиқаро ба даст овард. Дар вохӯрии ниҳоӣ Дева Лайшрам Сарита аз кишвари Ҳиндустон Мавзунаро ба мағлубият рӯ ба рӯ кард. Мавзуна имкон дорад дар сурати ба даст овардани мақоми аз 1 ум то 8 –ум соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон- 2012 гардад.Комёбии паҳлавонони тоҷик дар МаскавДушанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Паҳлавонони риштаи самбои мамлакат дар мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Анатолий Харлампиев, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар шаҳри Маскав баргузор шуд, се медал ба даст оварданд. Дар мусобиқа варзишгарон аз 28 давлати ҷаҳон ширкат карданд ва он дар ду намуд: самбои варзишӣ (мардону занон) ва самбои размӣ (мардон) гузаронида шуд. Дар мусобиқаи самбои варзишӣ паҳлавонони тоҷик Акмалиддин Каримов (57 кг) ва Комроншохи Устопириён (82 кг) соҳиби медали нуқра ва Мустафо Ҳасанов (68 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






