Муҳокимаи ҳамкориҳо бо Покистон
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазир Саидраҳмон Назриев бо муовини Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алтамаш Вазир Хон баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили бизнес-форумҳо бо иштироки соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, доир намудани курсҳои бозомӯзӣ, омӯзиши таҷриба ва баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмию техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






