Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Куба
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 14 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ҳамидуллохон Фақеров бо сафири Куба дар ҶТ Абелардо Эрнандес Ферреро баргузор гардид.Тавре аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот имконияти ҳамкории Тоҷикистону Куба дар бахшҳои тиҷорат, истихроҷи маъдан, коркарди канданиҳои фоиданок ва туризмро муҳокима намуданд.Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот иброз доштанд, ки ба манзури рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисодиёт захираҳои мавҷударо самарабахш истифода хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






