Муҳокимаи масъалаҳои сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ибтикори Сафорати Ҷопон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ 28 ва 29 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси дурӯзаи байналмилалӣ оид ба беҳдошти масъалаҳои идораи сарҳад ва ҳамкории байни Тоҷикистону Афғонистон дар амри сарҳадот баргузор гардид.Дар кори конфронс муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вайсиддин Азаматов иштирок ва суханронӣ кард.Тавре аз маркази матбуоти Агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони конфронс масъалаҳои қочоқи маводи нашъаовар, амният, назорат ва рушди ҳамкории транссарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои идораи сарҳадот ва мусоидат ба тиҷоратро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор, хадамоти гумрук ва сарҳадоти ҳар ду кишвар, ташкилотҳои ғайриҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин намояндагони аҳли ҷамъияти шаҳри Душанбе иштирок доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






