Муаррифии китоб барои кормандони ҳифзи иҷтимоӣ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Музафффари Рустам).- 5 марти соли 2012, дар толори конфронсии Маркази тиҷоратии «Вафо» шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ муаррифии дастурамали «Ташкили кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» ва лоиҳаҳои Бунёдро оид ба масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор мекунад. Соли 2011 барномаи «Худидораи маҳаллӣ»-и ИҶК- БМ дар шарикӣ бо СҶ «Маркази таҳсилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушд» ба амалӣ кардани лоиҳаи таҳияи дастурамал барои кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар маҳалҳо шурӯъ кард. Дастури мазкур тафсири пурраи пардохту кӯмакпулиҳои иҷтимоии мавҷударо бо замимаи намунаи хуҷҷатҳо, ки шаҳрвандон ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми ба расмият даровардан хонапурӣ мекунанд, фаро гирифта, ба забони тоҷикию русӣ ба табъ расидааст. Китоби мазкур феълан дар ҷумҳурӣ ягона дастурест, ки тафсири ҳамаи пардохтҳоро дар бар мегирад. Дастур таҳти машварати муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, номзади улуми иқтисод Э. Н. Сангинов таҳия гардида, ба он коршиноси хориҷӣ, доктори улуми педагогӣ, профессор, раиси Ассосиатсияи омӯзгорон ва кормандони ҳифзи иҷтимоии Украина И. Д. Зверова тақриз навиштааст. Дастур на танҳо барои мутахассисон, балки барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва ҳамаи шавқмандон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ҳангоми чорабинии мазкур муаррифии натиҷаҳои лоиҳаҳои амалӣ кардаи барномаҳои «Дастгирии таҳсилоти олӣ», «Таҳсилоти миёна», барномаҳои бахши «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и ИҶК-БМ, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таъсиси кафедраи ҳифзи иҷтимоӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Таъсиси Ассосиатсияи кормандони ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон» сурат мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






