Муаррифии китоби нав
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар»).- 19 марти соли 2012 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби нави профессор Аскаралӣ Раҷабов ва раиси Кумитаи фарҳанги Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммадраҳим Каримзода, «Навруз как явление мировой культуры» баргузор гардид. Дар чорабинӣ сафири Фаронса ҷаноби Анри Зиппер де Фабиани, намояндаи Покистон ва Туркия, ҳамчунин олимону намояндагони илму фарҳанги кишвар ширкат варзиданд. Сухани ифтитоҳиро профессор Акбар Турсун оғоз карда, зикр намуд, ки Наврӯз дар ҳақикат иди байналмилалӣ буда, ба ягон дини алоҳида ва ё миллате мансубият надорад. Китоби мазкур, ки дар арафаи Наврӯзи Аҷам аз чоп баромадааст, барои қазовати хонандагони зирак пешкаш мегардад.Котиби масъули Комиссияи миллӣ Шаҳло Абдураҳимова ҳозиринро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО бо Наврӯзи Аҷам табрик намуд. Абдурахимова арзиши байналмилалӣ доштани Наврӯзро қайд намуда, чопи китоби мазкурро саривақтӣ эълом дошт. Баъдан қайд гардид, ки дар айни ҳол барои олимони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати муаррифии илмии урфу одатҳо, маросиму анъанаҳои Наврӯзӣ, ки тӯли солҳо аз насл ба насл то ба имрӯз расидаанд, шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон аз фурсат истифода бурда, ӯ даъват ба амал овард, то дар ҳамбастагӣ бо Академияи илмҳо ва сохторҳои марбутаи кишвар ҷиҳати муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳарчи зиёдтар объектҳои фарҳангии моддӣ ва ғайримодии Тоҷикистон ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод гарданд. Дар фарҷом ба иштирокчиён китоби мазкур тақдим гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






