Муаррифии лоиҳаҳои тозабунёд
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде пеш раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар маркази вилоят бо нақшаи муфассали лоиҳаҳое, дар миқёси вилоят аз ҷониби меъморони шаҳру навоҳии вилоят пешниҳод гардидаанд, ошно шуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки меъморони 16 шаҳру навоҳии вилоят лоиҳаҳои нави худро ба раиси вилоят муаррифӣ намуданд. Раиси вилоят ба лоиҳаҳо меъморони шаҳри Хуҷанд бо назардошти маркази вилоят будан, зиёд будани рафтуомади меҳмонон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кард. Лоиҳаҳо ташкили боғчаҳои бачагона барои 250 ҷой дар маҳаллаҳои чорум ва панҷум, маркази савдо ва тиҷорат дар кӯчаи Ленин- 5, бунёди хонаҳои истиқоматӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳр, ташкили бинои нави иловагӣ барои шӯъбаи корҳои дохилӣ, лоиҳаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар кӯчаҳои С.Умаров ва «30- солагии Ғалаба»-ро фаро мегиранд.Нақшаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ ва ороишоти идонаи маркази шаҳри Исфара низ хеле хуб тарҳрезӣ гардида, дар он бунёди манзилҳои баландошёна дар масоҳати 830 гектар, ташкили бинои нави мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 28 дар ҷамоати Чоркӯҳ барои 360 нафар толибилм, сохтмони маҷмааи варзишӣ дар ҷамоати Сурх ва ташкили биноҳои савдои соҳибкорон Деҳқонов ва Баҳоваддинов ба нақша гирифта шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






